Зеҳн
Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

Ин овози Сафар буд, ки базӯр ба гӯш расид. Садои ханда боз баланд шуд.

— Ором шавед, бачаҳо, ором, — гуфт бо табассум роҳбари синф, — шофирӣ ҳам, қаравулӣ ҳам касбу кори фоиданок ва барои ҷамъият зарурӣ аст. Лекин мо мехостем, ки Сафар кӯшиш карда, хуб хонад, дониш гирад. Аммо вай танбал аст, ба дарсҳо бетайёрӣ меояд.

Хандахариш шудани Сафар сабаб дошт. Бачаи аз ҳад зиёд шӯху беинтизом ва духхон буд. Аз афташ ба мактаб фақат барои бозию шӯхӣ ва ҷангу мағал меомад. Ҳама аз вай безор шуда буданд. Хостанд аз мактаб пеш кунанд, аммо директор розӣ нашуд.

— Аз пеш кардани мо на худаш нафъ мебинаду на ҷамъият. Бигузор мактаби миёнаро тамом кунад, он тарафаш ба худаш вобаста, Худо инсофаш диҳад.

Баъди ин маҷлис ва таърифу тавсифи роҳбари синф ҳُсни таваҷҷӯҳи Ҳабиба ба Беҳрӯз боз ҳам бештар гардид. Як рӯз дар вақти танаффуси калон ҳамсинфаш Ҳалимаи шаттоҳ ӯро як сӯ кашида, шӯхиомез пурсид:

— Беҳрӯзро дӯст медорӣ, ки ҳамеша ҳамроҳаш мегардӣ?

— Ҳа, дӯст медорам, — нохост аз даҳонаш баромад ин ҷавоб.

— Шарм намекунӣ?

— Хайр, чӣ шудааст? Туро ҳам дӯст медорам, дигарҳоро ҳам.

— Не, дилат шӯ меҷӯяд.

Баробари шунидани ин сухан оташи қаҳру ғазабаш аланга гирифт ва Ҳалимаро сур карда, аз пасаш давид. Агар ба дасташ меафтид, хуб мекуфт, ба рӯяш чангол зада, мӯяшро канда мепартофт. Ҳалима гурехта, ҷонашро халос кард, аммо Ҳабиба бо вай ҷангӣ шуда, як ҳафта гап назад.

Ин ҳодиса як сол пеш рӯй дода буд. Бо гузашти айём Ҳабиба он суханони дугонааш ва ранҷиши дилашро фаромӯш сохт ва акнун меҳру муҳаббати духтарро ба бача як чизи оддию табиӣ ва муқаррарӣ медонад. Ва фикр мекунад, ки агар калон шуда ба воя расаду Беҳрӯзро шавҳар кунад, ин чӣ бадӣ дорад? Оё аз Беҳрӯз дида дигар ҷавони барояш беҳтару арзандатар ҳаст?

пешина
аз 77
навбатӣ