Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа
ман бо ӯ аз наздик шинос нестам, як-ду бор дар тӯйҳо дида будам. Ягон тӯй бе вай намегузашт. Артист буд, тӯйгардӣ мекард.
-
Артист? - тааҷҷуб кард холаи Салима.
-
Ҳа, артист буд, суруд мехонд, рақс мекард. Ҷавон буд, зебою дилрабо буд, чунон бо ишваю нозу нуз мехонду мерақсид, ки ҳамаро обу адо мекард, ҳама ошиқи девона мешуд, хусусан агар дар тӯй култимисин бисёр бошад. Худаш ҳам аз ҳамон сабилмонда кам-кам менӯшид.
-
Култимисинаш чӣ, бобо? - пурсид Замира. Мӯйсафед ба духтарак нигариста зери лаб табассум намуд.
-
Дар ҷойҳои мо шаробро дору мегӯянд. Барои ҳамин мардум шӯхӣ карда, ба он номи култимисин додаанд.
-
Пештар ҳам фолбинӣ мекард? - пурсид холаи Салима.
-
Ба фикрам не. Ҳаминашро медонам, ки тӯйгардӣ мекард. Меҳмонони тӯйхона маст шуда, аз сараш пул мерехтанд. Хусусан ҷавонони сархуш ба нозу ишваҳои духтари зебо ошиқи шайдо шуда, охирин сӯмҳояшонро ҳам мечаспонданд. Рафта-рафта артисти мо аз даҳон монд. Чунки бо мурури замон пир шуда, аз ҳусну ҷамолаш нишон намонд. Дигар даста-даста пулҳои бедардимиён намеомаданд. Яке шунидем, ки артисти мо фолбин шудааст.
-
Бобо, артист институтро хондагӣ ё не? - савол дод Замира.
-
Институт куҷо, синфи даҳ нахондааст. Зиндагӣ худаш мактаб аст. Замона ба ту соз бошад, ту ба замона соз шав, гуфтаанд машоихҳо. Шаввоз бошӣ, артист ҳам мешавию фолбин ҳам.
Мӯйсафед ба холаи Салима рӯ оварда, риштаи суханро ба тарафи дигар кашид:
- Духтарам, киро фол нишон медиҳӣ?
Холаи Салима воқеаро нақл кард.
-
Модоме ки ихлос баста, ба умеду орзу омадӣ, илоҳо ниятҳоят ҷомаи амал пӯшад ва бачаат шифо ёбад, - мӯйсафед дуо кард ва ба асп савор шуда истода гуфт:
-
Бо ҳамин роҳ то охираш рост рафтан гир. Ҳамин ки роҳ тамом шуд, ба дасти рост нигар, як ҳавлии калонро мебинӣ, ана ҳамон хонаи фолбин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё