Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа
— Аслан Беҳрӯзро ба беморхона хобондан лозим, ки мутахассисони бемориҳои рӯҳу араб тафтиш карда бинанд. Ин пулу доруи бисёро талаб мекунад. Барои ҳамин то пул ҷамъ кардан ман ин корро ба таъхир андохта гаштаам. Лекин ба фолбинӣ бовар надорам, ки фоида кунад.
— Ихлосу халос мегӯянд, мардак, — гуфт холаи Салима, — ихлос кунем, шояд фоида кунад. Таваккал ба Худо.
— Ихтиёрат, — розӣ шуд амаки Абдураҳим.
— Дар деҳаи Чашмасор як фолбини зӯр будааст, — илова намуд холаи Салима, — пагоҳ вақт ёбем, ҳамроҳи Замира меравем.
Рӯзи дигар баъди наҳорӣ модару духтар роҳи деҳаи Чашмасорро пеш гирифтанд. Ҳаво аз пагоҳӣ метафсид. Баъди борони майдаи шабона осмон аз абрҳои тира тоза шуда, софу беғубор гардида буд ва офтоби дурахшон нурҳои худро ба гирду атроф пеш медод. Модару духтар тахмин як километр роҳро паймуда, ба дасти чап тоб хӯрданд ва ба пайраҳаи хурди серҳоку чанги деҳа гузаштанд.
— Оча, хонаи фолбинро медонӣ ё не? — пурсид Замира.
— Не, намедонам. Хайр, аз ягон кас мепурсем.
Садои «хӣ, ҷонвар, хӣ, хӣ»-ро шунида ҳар ду ба қафо нигаристанд ва мӯйсафеди салладори харсаворро диданд, ки бо химчаи тар ба шикаму гардани хар зада, ба тезтар роҳ гаштан маҷбур месохт. Аммо хар аз афташ монда шуда буд ё танбалӣ мекард, ки аз зарбаҳои химча парвое накарда якта-якта қадам мепартофт. Мӯйсафед аз назди модару духтар гузашта истода, онҳоро нашиносад ҳам салом дод ва аз ин деҳа набудани онҳоро пай бурда, ба маънии «Хонаи кӣ меравед?» дуру дароз чашм дӯхт.
— Бобо, хонаи фолбин ҳоло дур бошад? — пурсид холаи Салима.
Мӯйсафед аз хар фуромада, аз нӯҳтаи он этак карда гуфт:
— Хонаи фолбин меравед? Камтари дигар монд. Хонааш дар охири деҳа. Дар як ҳавлии калони боҳашамат зиндагӣ мекунад.
— Номаш Зебо ё Зебӣ будааст, — гуфт Замира.
— Зебӣ не, Зебо, ба худаш мувофиқ, — гуфт мӯйсафед,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё