Фариштамоҳ

Ин китоб як афсонаи халқии тоҷикӣ буда, сагузашти подшоҳ ва писарони ӯро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он воқеаҳои аҷибе оид ба ҷустуҷӯи ишқи Фариштамоҳ ҳикоят мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 14 саҳифа
Духтар воқеаро нақл кард. Роҳзан ба духтар раҳмаш омада:
— Рав, бахт ёрат бод! — гӯён ҷавоб дод.
Духтар ба хонаи дӯстдораш омад. Чӯпонписар ҳанӯз нахобида буд. Чашмони ӯ аз гиря сурх, чеҳрааш аз дарду алам зард шуда буданд, духтар ӯро тасалло дода гуфт:
— Дигар ғам нахӯр, азизи ман, аз ҳамин рӯз, мо бо ҳам тамоми умр якҷоя зиндагӣ мекунем.
Ҷавон гуфт:
— Ёри меҳрубонам, ту дили бузург дорӣ, дар он муҳаббати софу самиmӣ ҷӯш мезанад, лекин ман мехостам, ки ин чизҳоро фаромӯш кунӣ. Падари бойи ту ва он давлатканд, ки дар золимӣ ва бераҳмӣ машҳур аст, баъди ин воқеа маро ва аз ин ҳам бадтараш, падару модари маро ҷазо надода намемонанд. Ман ба ҳар як ҷазо тоқат карда метавонам, вале ман намехоҳам, ки падару модари бечораам ба азобу машаққатҳо гирифтор шаванд. Хез, ба назди шавҳарат рав! Ман туро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам, ёди ту ҳамеша дар дили ман мемонад.
Духтар хеста, бо дили пуралам ба хонаи шавҳараш равон шуд ва бо ӯ зиндагӣ карда гашт.
— Эй дӯсти меҳрубон, — гуфт писари подабон ба лӯхтак, — кадоме аз он чор кас аз ҳама зиёдтар одамгарӣ нишон дод?
— Албатта, чӯпонписар, — гуфт лӯхтак, — вай аз маҳбубааш даст кашида, ҳам худаш, ҳам падару модараш ва ҳам худи духтарро аз оқибати пуразоб халос кард.
— Ба фикри ман, — гуфт писари подабон, — аз ҳама зиёдтар роҳзан одамгарӣ нишон дод. Вай бар хилофи одати худ ба духтар некӣ кард, ин кори осон нест!
— Эй шумо донотарошони камандеш! — гуфт Фариштамоҳ, — фикри ҳардуятон ҳам ғалат аст. Шумо он духтари вафодорро фаромӯш намудед. Вай дар роҳи аҳду вафо ҳар чӣ аз дасташ омад, кард. Одамгарии таърифкардаи шумо дар пеши рафтори духтар ҳеҷ аст.
— Гапатон тамоман дуруст, — гуфт писари подабон ба Фариштамоҳ, — дар кӯи ишқ духтар аз ҳама зиёд ҷонбозӣ кард.
Баъд писари подабон ба лӯхтак рӯ оварда, суханашро давом дод.
— Ман ҳозир қиссаеро нақл мекунам, ки ба ҷавобаш Фариштамоҳи донову зебо ҳам оҷиз мемонад.
— Мебинем! — гуфт Фариштамоҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё