Қиссаи фавқ

Соли 1989 бозсозӣ мунтаҳо кишвари абарқудрати СССР-ро саркӯб намуд. Он замон ҳизби коммунисти Тоҷикистон чун мори нимҷон дар худ печидаву тапида, роҳи наҷот меҷӯст ва аз ин нигоҳ фурсати мутолиа асарҳои нависандагонро надошт, вагарна ба интишор гаштани қиссаи фавқ ба ҳеҷ ваҷҳ роҳ намедод.
зеҳни сунъӣ · 2 октябри 2024 · 16 саҳифа
Писарак аз коғаз «сурнай» сохта, лап-лап сӯи падар омад ва ба рости гӯшаш чириғ андохт.
-Ту-ту-ту... ту-у-ут...
-Воҳ, поезд!-аз ҷо як қад парид падар ва бо ангушти ишорат таҳдид кард: -Ҳе, «шупанак»-е, ҳоло ба дастам меафтӣ!
Писар бо дав худро ба ҳалқаи бачаҳои саҳни ҳавлӣ гирифт.
Офтоб аз дебои зард ба осмони нилӣ саропарда кашида буд. Шӯру машғалаи кӯдакон дамонлаҳза ба гӯш меомад.
Аз пушт дарро пӯшид Сафол ва аз пухтупазхона овози Хосиятро шунид. - Муҳаррир омода буд!
-Идора аз ҷояш напаридааст?
-Ғур-ғур кард, нафаҳмидам. Мактуб дод, ки ба ту расонам. Рӯи миз гузоштам.
Гурбашӯ кард дасту рӯяшро Сафол ва вориди ҳуҷраи алоҳид гашт. Лифофаро ба даст гирифт ва аз он номае берун овард.
«Булбули Водӣ!
Бо мо кор кардан мехоҳӣ ё не? Ҳамин рӯз наоӣ, ба ҷоят каси дигарро мегирем. Кӯдакбозӣ бас! Чанд нафар бахши журналистиро хатм карда, коромӯзӣ омадаанд. Агар нахоҳӣ...» - ӯ идомаи номаро қироат накарда, варақ як сӯ ҳаво дод ва барошӯфт: -Очата дар чашмат нишон медиҳам! Бо ман шӯхӣ накун! Мисли директори мактаб ҷои гармамро хунук кардан мехоҳӣ-а? Хобатро ба об гӯй! – осема ба либоспӯшӣ даромад.
-Боз чӣ гап, ин қадар осема! Собун оварданд ё қанди сафед?
-Ту ҳам ёфтӣ вақти гаранг карданатро!-мазмуни гапи ҳамсарашро фаҳмид Сафол.–Ҳе, дар решаи падаратон.. Хукҳо! Ҷои маро мегиранд-а?! Нишон медиҳам!-ӯ осема куртаашро андаруни шим шоруғза кард ва пой ба туфлӣ андохта, дарро силтав дод.
-Ҳамон Аҳмадак? – аз пушти шавҳар нидо кард Хосият ва чашмаш ба ҷӯроби фаромӯшгаштаи шавҳараш афтод. – Ҳой, ходаи дароз, сабр кун! Як поят ҷӯроб надорад-е!..-думболаи Сафол давид Хосият.
Садо ба гӯши Сафол намерасид. Ӯ рӯболо медавид. Чун одат хурӯси сари девор ба фарёд даромад...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё