Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан
  • Ин духтар мебоист азони ман бошад. Ман агар ӯро соҳиб нашавам, ин зиндагӣ бароям ҳаром». Абдулло аз ҳамин рӯз дар фикри ба даст овардани Меҳрбону шуд.

Абдулло бо Аҳрор меҳрубон шуд, ба ӯ пайваста суханҳои ширин мегуфт. Мегуфт, ки «соате туро набинам зиқ мешавам.
Ту худро аз мо, ҷӯраҳоят дур накаш! Ба ту пул ё ягон чизи дигар лозим бошад, чӣ қадар хоҳӣ, медиҳам». Ҳуллас Абдулло кӯшиш мекард, ки ба мағзи дилу ҷони Аҳрор ҷой гирад.

Вай рӯзе аз Аҳрор пурсид:

  • Оё занат ёди падару модар намекунад? Агар ягон рӯз ба ватанаш, ба пеши падару модараш рафтанӣ шавад, ту медонӣ, ман аспу ароба дорам, гирифта мебарам.

Аҳрор ба Абдулло гуфт:

  • Ман ҳеҷ гоҳ аз падару модару ватанаш ба ӯ савол намекунам, ки дилаш озурда нашавад.

  • Ин хел бефаҳм набош, - гуфт Абдулло, - худат гуфтӣ, ки ӯ аз авлоди одамони баобрӯст, падари ӯ ба ту падар, бародараш ба ту бародар, ту бояд онҳоро бинӣ ва худро ба онҳо шинос намоӣ.
    Онҳо бояд духтару домодашонро дида хурсанд шаванд.

Як рӯз Аҳрор писараки навзодашро ба дасташ гирифта, ба паҳлуи занаш нишасту оҳ кашид.

  • Ин хел оҳи бадард кашидед, чӣ шуд ба шумо? - пурсид Меҳрбону.

  • Дилам мехоҳад, ки падару модари ту ҳам ин хел як набераяки дӯстрӯяшонро бинанду донанд, ки духтарашон сиҳату саломат, шавҳар дораду фарзанд. Чӣ қадар хурсанд мешаванд онҳо!

  • Ман ҳам ҳаминро мехоҳам, - гуфт Меҳрбону, - лекин замин сахт асту осмон баланд. Онҳо, ки маро аз даргоҳашон ронданд, нохост даромада равам, чӣ мегуфта бошанд, бовар дорам, ки ин дафъа зада мекушанд.

пешина
аз 135
навбатӣ