Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

ҲикояАфсона
Аз аввал хондан

Саҳарӣ пайроҳае дарёфта таваккал раҳ пеш гирифт. Нисфирӯзӣ гушнаву хаставу ташна ба таги як чинор расид, ба сӯи паҳнои саҳро мерафт. Рӯй шусту об хӯрд ва ҳамон лаҳза дар рӯи сабзаи мулоими канори чашма хобаш бурд. Намедонад, чӣ қадар хоб рафта бошад, ногоҳ овозе ба гӯшаш расида, бедор шуд ва чашмонашро молида, аз ҷой хест.

Ҷавони камбағалнамое, ки банди ҳезум ба пушт бардошта буд, боҳайрат ба рӯяш нигариста пурсид:

  • Ту инсӣ, ҷинсӣ, девӣ, париӣ, дар кӯҳсори бекасу кӯй аз куҷо ҳозир шудӣ?

Меҳрбону гуфт:

  • Ман на инсаму на ҷинсам, на деваму на парӣ, фарзанди одам ҳастам. Ба ин ҷо ман худ наомадаам, маро оварда хӯроки гургу паланг шавад гуфта, партофта рафтанд.

Ҷавон пурсид:

  • Пас ту ҳоло чӣ кор кардан мехоҳӣ?

  • Сарам гаранг, тамоми баданам месӯзад, намедонам чӣ кор кунам, куҷо равам, дардамро ба кӣ гӯям? - ҷавоб дод Меҳрбону.

  • Ин тавр бошад, ба хонаи мо биё, - гуфт ҷавон, ки Аҳрор ном дошт.

  • Ман ба дасти одамони гургтабиат ба ин ҳол гирифтор шудам, метарсам, ки боз аз дасти ягон каси дигар зарар бинам, «моргазида аз аргамчини ало метарсад», - гуфт Меҳрбону.

  • Натарс! - гуфт Аҳрор, - падару модари ман одамони заҳматкаш, дилашон софу нияташон пок. Онҳо ягон бадиро ба ту раво намебинанд.

  • Ту чӣ? - пурсид Меҳрбону.

  • Ман? Магар нашунидаӣ, ки «ранг бину ҳол пурс» мегӯянд. Магар худат намебинӣ?! - гуфт Аҳрор. - Агар ман аз

пешина
аз 135
навбатӣ