Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан

Ӯ ҳамин хел тарбия гирифта буд, ки амри падар воҷиб аст, наметавонист аз фармони падар сар тобад.

Дарҳол роҳ пеш гирифту нисфишабӣ ба хонаашон расида, дари ҳавлиро тақ-тақ зад. Меҳрбону бедор шуду ба ҳавлӣ баромада, овози бародарашро шунавида дарвозаро кушод. Акааш чизе нагуфта, ӯро ба болои асп кашиду пеши зин фурӯ хобонда, аспро ба канори шаҳр ронд. Рафт, рафт ба домани кӯҳе расид, аспро нигоҳ дошт ва кордашро аз гилофаш кашида, хост синаи хоҳарашро даронад, аммо дасташ карахт шуду хайр, дар ин гӯшаи дурдаст ягон ҳайвони дарранда мехӯраду меравад гуфт. Меҳрбонуро аз пеши зин ба замин партофту асп ронда рафт.

Зани бозургон бошад, пагоҳӣ бедор шуда, духтарашро дар бистари хобаш надиду чор тарафро кофта, дар ҳеҷ ҷой наёфт ва ҳамон замон бо чашми гирёну дили бирён ба хонаи Қозӣ омад.

Қозӣ фаҳмид, ки чӣ ҳодисае рӯй додааст, дар дилаш хурсанд шуд, вале худро ба нодонӣ зада, гуфт:

  • Эй хоҳари азиз, чӣ нохушие рӯй дод, ки ин хел гирёну нолон ба пеши ман омадед?

Зани бозургон гуфт:

  • Рӯзам сиёҳ, духтарам Меҳрбону гум шуд, падараш биёяд, чӣ ҷавоб мегӯям?

Қозӣ гӯё воқеаи нохуше рӯй надода бошад, оромона гуфт:

  • Шумо ин қадар ғам нахӯред, хоҳарам, духтарамон, Меҳрбону, дар ҳусну ҷамол яктои ҷаҳон аст, ба ин хел духтар ҳазор ҷавон ошиқ мешавад, аз он байн ягонтааш унс гирифта, ҷое рафтагист. Худо хоҳад меёбем, ҷазои он ошиқи нобакорро медиҳем. Шумо хотирҷамъ бошед, ҷавоби ин қиссаро ба
пешина
аз 135
навбатӣ