Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа
каме ҳиратар метобид. Бобораҳим дар ҳайрат монда, аз одамон мепурсид, ки ин чист.
-
Маълум мешавад, ки ту инҷоӣ нестӣ, - гуфт як раҳгузар ба Бобораҳим, - моҳи ҳира ин моҳи ҳақиқӣ, моҳи равшан акси чеҳраи Робияи чилгазамӯй аст. Ин нур аз равзани шифти хонаи ӯ берун гардида, дар осмон тобон мешавад.
-
Хайр, худи Робия куҷост ва ӯро чӣ хел дидан мумкин аст? - пурсид Бобораҳим.
-
Ҳавлии ӯ дар он теппа воқеъ аст. Вале роҳи ҳавлии ӯро палангҳои бадхайбат посбонӣ мекунанд ва дар даромадгоҳи ҳавлиаш як аждаҳои калон хобидааст.
-
Наход, ки ӯро дидан илоҷ надошта бошад! - гуфт Бобораҳим.
-
Дидан мумкин, - гуфт раҳгузар, - худи ӯ бисёр шабҳо дар байни мардум пайдо мешавад, вай аз ҳавлиаш ба шаҳр омада, дар кӯчаҳо мегардад. Ин хел шабҳо мардуми мо дар орзуи дидани дидори Робия дер хоб накарда, дар кӯчаҳо мегарданд. Ҷое, ки аз он Робия мегузарад, аз нури рӯи тобони ӯ чун рӯз равшан мешавад. Ҳама ба пешвози ӯ мешитобанд, ҳар кӣ кӯшиш мекунад, ки ӯро бинад, дили каси дидагӣ шоду хуррам мешавад.
Ҷавоне нест, ки ақаллан як бор бо Робияи нозанин чашм ба чашм шуданро орзу накунад. Вале Робия ба ҳеҷ кас рост нигоҳ намекунад. Вай оҳиста-оҳиста аз шаҳр гузашта, ба ҳавлиаш меравад.
Бобораҳим ба суханони ин мард гӯш дода истода, ҳис кард, ки бисёр гушна мондааст. Вай ба ошхона бо аспи аҷоиби худ рафтан намехост. Метарсид, ки мабодо диққати мардумро ба худ ҷалб накунад. Аз ин рӯ, ба шиноси наваш муроҷиат карда гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё