Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан

РОБИЯИ ЧИЛГАЗАМӮЙ

Буд-набуд, як подшоҳи сангдилу мағрур буд. Осори хашму ғазаб чеҳраи ӯро ҳеҷ гоҳ тарк намекард. Вай ҳамаро бад медид ва фақат ягона касе, ки як андоза дӯст медошт, ин писараш - шоҳзода Бобораҳим буд.

Вақте, ки Бобораҳим калон шуд, подшоҳ ӯро ба корҳои давлатиаш шиносо карда, ҳамаи бойғариашро нишон дод. Вай писарашро ба хазинааш бурд. Дар хазина сандуқҳои аз тилло, нуқра ва ҳаргуна чизҳои қиматбаҳо пуропур мавҷуд буданд. Вай писарашро ба ҳуҷраҳое бурд, ки гилемҳои зебою хушсифат, шоҳиҳои ҳарири гулдор, пӯстинҳои камёб, табақу кӯзаҳои пурқимат ҷамъ карда шуда буданд. Подшоҳ ҳамаи ҳуҷраҳояшро ба Бобораҳим нишон доду фақат як ҳуҷраашро нишон надода, аз пеши дари маҳками он гузашта рафт. Бобораҳим ҳайрон шуд, вале ҷуръат накард, ки ба подшоҳ саволе диҳад. Вай баъд аз ин ҳамеша «дар он хона чӣ бошад» гуфта фикр мекардагӣ шуд.

Шоҳзода боварӣ ҳосил кард, ки падари ӯ ягон сирре дорад. Ҳисси кунҷковӣ ӯро бисёр азоб медод. Оқибат вай қарор дод, ки аз падараш номаълум карда, сирри он ҳуҷраро фаҳмида гирад.

Подшоҳ як рӯз баъди шикори дурудароз сахт хоб карда монд. Бобораҳим аз кисаи ӯ калидро кашида гирифту рафта, ҳуҷраро кушода даромад. Ҳуҷра он қадар калон набуд ва дар он гилемҳо паҳн карда шуда буданд. Дар девораш сурати калони як духтари бағоят нозанин овехта шуда, чеҳрааш чун акси моҳ дар оби ором дурахшон буд, чашмони сиёҳаш чун ситора барқ мезаданд, мӯи сиёҳи дарозаш бадани ӯро якчанд бор печонида

пешина
аз 135
навбатӣ