Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа
АфсонаҲикоя
Аз аввал хонданИн духтар рафта, рӯймолро кушод, ки Айша сӯхтаю бирён, рӯймолро гашта басту ба пеши очааш омада гуфт:
- Оча, оча! Лаби Айша инҷ, дандонош мошу биринҷ...
- Э, ҷавонмарг шавӣ, ин чӣ гапи гуфтагиат! - гуфта девкампир духтарашро зад, духтараш ҷо ба ҷо мурд.
Боз як духтари дигараш омада гуфт: - Оча, оча шикамам гурусна!
- Рав, аз рӯймоли апаи Айшаат нон гирифта хӯрда ист, ҳоло нони худамон тайёр не, - гуфт кампир.
Ин духтар ҳам рафта рӯймоли Айшаро кушод, ки аҳвол ҳамин омада гуфт: - Оча, оча! Лаби Айша инҷ, дандонош мошу биринҷ...
- Э ҷавонмарг, ту ҳам ҳамин гапа баровардай! - гуфту инро ҳам зада кушт.
Хулоса, ҳамаи духтаронаш омада, ҳамин гапро гуфта буданд, ки онҳоро зада кушт.
Дар охир писари яккаву ягонааш омада гуфт: - Оча, оча шикамам гурусна.
- Рав, аз дастархони апаат Айша нон гирифта, хӯр, ҳоло нони худамон тайёр не, - гуфт модараш.
Писараш омада дид, ки аҳвол ҳамин, рафта гуфт: - Оча, оча! Лаби Айша инҷ, дандонош мошу биринҷ...
- Имрӯз ба шумоён ҷавонмаргҳо, чӣ шуд, ки ҳамаатон омада, як гапи намешудагӣ мегӯед?! - гуфта худаш рафта рӯймолро кушода дид, ки дар ҳақиқат духтараш сӯхтаю бирён шудагӣ. Ба сари ҳафт духтараш шишта фиғон карда пушаймон шуда, девонаву гирён шуда худашро зада кушт.
Дар ин ҷо подшоҳбача занашро аз нав никоҳ карда гирифт, тӯю тамошо карда, хушу хурсанд зиндагӣ карда гашту ба муроду мақсадаш расид.
Шумо ҳам ба муроду мақсадатон расед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё