Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан

Гирифта буд. Духтари нозанин худи зинда барин нигоҳ мекард. Бобораҳим аз ҳусни ӯ ба ҳайрат афтода, беҳуш шуда, ба замин афтод.

Вай баъди чанд вақт ба худ омада, баромада, дари ҳуҷраро қулф заду калидро оварда, ба кисаи падар андохт.

Аз ҳамон вақт сар карда, Бобораҳимро шинохтан душвор буд. Беғамии бачагона, шӯхӣ ва хурсандии ӯ гум шуда рафт. Вай сокиту одамгурез шуда монд. Ҳеҷ чиз завқи ӯро намекашид, хоб надошт, рӯз аз рӯз харобу беҳол мешуд.

Дере нагузашта, подшоҳ ҳис кард, ки писараш сирри ҳуҷраи дарбастаро фаҳмида гирифтааст.

Вай Бобораҳимро ба назҳаш ҷеғ зада пурсид:

  • Росташро гӯй, ки ту ба ҳуҷраи ман даромаДӣ ё не?

  • Ҳа, падар, ман тоқат карда натавониста, бе иҷозати шумо ба он ҳуҷра даромадам, - гуфт Бобораҳим.

  • Оҳ, ту бадбахт, кори нағз накардӣ! - фарёд кард подшоҳ. - Акнун ҳоли ту чӣ мешавад?!

  • Падар, духтари нозанин шабу рӯз аз пеши чашмам дур намешавад. Агар шумо маро дӯст доред, ба ман гуфта диҳед, ки вай кист, чӣ ном дорад ва чӣ хел ба висолаш расидан мумкин аст? - зорӣ кард Бобораҳим.

  • Вай нозанин Робияи чилгазамӯй ном дорад, - гуфт подшоҳ, - мегӯяд, ки ҷои зиндагонии ӯ бисёр дур аст. Агар бо осмон парида рафтан мумкин гардад ҳам, ҳафт шабу ҳафт рӯз ба сӯи маҳтоббаро паридан лозим мешавад. Ҳавлиаш дар як теппа бино карда шуда, чун қалъа деворҳои баланд дорад. Дарвозаи қалъа маҳкам карда намешавад, онро палангон посбонӣ мекунанд. Худи ҳавлиро аждаҳое муҳофизат менамояд. Робия хостгорҳоро қабул намекунад. Вай эълон кардааст,

пешина
аз 135
навбатӣ