Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан

Зани подшоҳбача аз тарс куртаи атласашро кашиду ба Айша дод. Вай онро пӯшида дид, ки зан боз камзӯли кундалу кафши заррин дорад, ба модараш гуфт:

  • Оча, оча, дилам кафши заррину камзӯли кундал мехоҳад!

Девкампир боз ба сари зани подшоҳбача аррос зада гуфт:

  • Камзӯли кундалу кафши зарринатро кашида ба духтарам деҳ! Накашӣ, саратро мехӯрам!

Хулоса, Айша ҳамаи сару либосу пойафзоли зани подшоҳбачаро гирифта пӯшиду девкампир зани подшоҳбачаро ба як хона дароварда, ба пушти дар як санги калонро монда тамба кард.

Рӯз шуд, подшоҳбача омада гуфт:

  • Бибӣ, гӯед зани ман барояд.

Девкампир духтари худошро ба сурати зани подшоҳбача дароварда бароварда, ба пушти аспи подшоҳбача савор кард.

Зани подшоҳбача дар кунҷи хонаи торики дарбаста дилхунук ҳайрон нишаста буд, ки як гурба мияв-мияв карда омад. Зани подшоҳбача вайро чег зада гуфт:

  • Агар илоҷ ёфта дарро кушоӣ, ман ба ту дунбаи гӯсфанд медиҳам.

Гурба як илоҷ кард, тобасангро тела дода, дарро кушод, духтар ба вай як пора думба дод.

Зани подшоҳбача озод шуду аз пушти подшоҳбача давида-давида рафта, аз вай ҳам гузашта дар сари роҳ як чашма шуд. Подшоҳбача аз асп фаромад, дар лаби чашма як косаи чинии хушрӯй буд. Бо он об гирифту хӯрд, ки то ин вақт ин хел об нахӯрда буд.

Духтари дев гуфт:

  • Ман ҳам ташна мондам, об мехоҳам.
пешина
аз 135
навбатӣ