Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан

Лаку Пак бошанд, то ҳол боварӣ доранд, ки сирри духтарашон ба касе ошкор нашудааст.
Ҳамин хел соддаҳо ҳам ҳастанд дар ин рӯи дунё.

ҶАЗОИ ДЕВКАМПИР

Буд-набуд, як подшоҳбача буд, як зани хушрӯй дошт.
Ҳардуяшон бо ҳамдигар бисёр меҳрубон буданд. Як рӯз зану шавҳар меҳмонӣ рафтанд. Меҳмонӣ нағз гузашту вақти бозгашт ҳаво торик шуд, подшоҳбача ба занаш гуфт:

  • Дар ин торикӣ азоб кашиданамон мумкин, ман туро дар ягон ҷой монда мераваму баъд, пагоҳ омада гирифта мебарам.
    Занаш розӣ шуд, баъд подшоҳбача дари як хонаро тақ-тақ кард, ки як кампир баромад. Подшоҳбача гуфт:
  • Эй, бибӣ, ҳамин зани ман як шаб дар хонаи шумо хоб кунад, пагоҳ омада мебарам.
  • Майлаш, писарам, - гуфт кампир, - хонаам калон не, - лекин барои як кас ҷой ёфт мешавад.
    Подшоҳбача занашро дар хонаи кампир монда рафт. Ин кампир дев буд, ҳафт духтар дошту якто писар. Номи духтари калониаш Айша буд.
    Айша дид, ки сару либоси зан қиматбаҳо, аз атласу кимхоб, парчаю кундал, ба модараш гуфт:
  • Оча, оча, маро куртаи атласи подшоҳзан мебод!
    Модараш омаду ба сари зани подшоҳбача аррос зада гуфт:
  • Либосатро каш, накашӣ саратро мехӯрам!
пешина
аз 135
навбатӣ