Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан

Подшоҳбача ба коса об гирифтанӣ буд, ки косаи чинӣ як косаи сафолину шахшӯл шуду оби ҷӯй шӯру лойолуд. Аз ҳамон об гирифта омад, ки духтари дев гуфт:

  • Ин шӯру лойолуд. Аз ҷои нагзи чашма об гирифта диҳед.

Боз об гирифт, ки боз ҳамон хел шӯру лойолуд. Сеюм бор гирифт, боз ҳамин хел. Охир, ки нашуд, ба асп савор шудандӯ рафтанд.

Духтар рафту дар миёни ҳавлии подшоҳбача як бутта гули садбарг шуд. Подшоҳбача аз дарвоза даромадан замон дар миёни ҳавлиаш буттаи садбарги сурхи шукуфонро дида, ҳайрон шуда, фикр кард, ки ин гули зебо аз куҷо пайдо шудааст.
Духтари дев давида рафта, баҳ-баҳ аҷаб рангу бӯи хуш дорад ин гул, гуфта бӯиданӣ шуда буд, ки садбарги шукуфон ғунча шуду хорҳояш ба лабу бинию рухсори духтари дев халида, хуншор карданд. Вале ҳамин, ки подшоҳбача ба сари гул омад, ғунчаҳо аз нав шукуфтанду машомасро муаттар карданд. Ин ҳодиса чанд бор такрор шуд.

Подшоҳбача ба ин асрор одат карду духтари девро занаш пиндошта зиндагӣ карда гашт, фақат ҳайрон буд, ки чаро занаш мисли пештара дилкашу дилбар не. Аз вай дилаш мехаросид, ҳар сухане, ки ӯ мегуфт, гӯшашро мехарошид.

Духтари дев бошад буттаи садбаргро бад дида, ҳар рӯз аз шавҳараш талаб мекард, ки ӯро канда партояд.

  • Бифармо аз беху бунаш бурида нест кунанд, ин гулро! - мегуфт ӯ ҳар рӯз ба подшоҳбача.

Билохир подшоҳбача хоҳиши духтари девро иҷро кард.
Вале, дере нагузашта ба ҷои бутта бехи ниҳоли сафедор рӯид.
Ниҳол рӯз аз рӯз баланду зеботар мешуд.

Айша як рӯз гуфт:

пешина
аз 135
навбатӣ