Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

ҲикояАфсона
Аз аввал хондан

шаваду аз дастакаш дошта, ба хонаи мо меҳмонӣ биёяд, ман ҷони бибӣ, калонакак шудӣ, дастурак шудӣ, рафта об биёр, чой кунем гуфта, ба дасташ кӯзача дода, ба лаби ҳавз равон кунам, бачаякаш биёяду об мегирам гуфта, пояш лағжида ба ҳавз афтаду ғарк шавад, баъд ман чӣ кор мекунам, ба шавҳарам чӣ ҷавоб медиҳам?! Вой бар ҳоли мане, рӯзам сиёҳ шуд-е!

Шаш қатор оби дида рехта, гиря карда нишастааст.

  • Ой падаракат, садкаи ақли расоят шавад! - гуфта Пак ҳам дар паҳлуи зану духтараш нишаста зор-зор гиря кард.

Се кас - Лаку Паку духтар ончунон баланд навҳаву гиря карданд, ки хостгорҳо шунида, ҳайрон шудаву хавотир шуда, ба лаби ҳавз омаданд. Омада диданд, ки соҳибони хона - зану шавҳару духтар шаш қатор оби дида рехта, гиря карда нишастаанд.

  • Чӣ гап шуд? Чаро шумоён гиря карда нишастаед? - пурсиданд онҳо.

  • Лак, Лак!

  • Ҷони Пак!

  • Ба инҳо гапи духтарамонро гуфта деҳ!

  • Мо гиря накунем, кӣ гиря кунад? - гуфт Лак. - Гӯш кунед ин духтараки баақламон чӣ мегӯяд.

  • Духтаратон чӣ мегӯяд, Лак? - пурсиданд меҳмонҳо.

  • Мегӯяд, ки раваду хостгорон ӯро хуш кунанду тӯю тамошо шавад, сонӣ, як писарча зояд, писарчааш калонакак шаваду аз дастакаш дошта, ба хонаи мо меҳмонӣ биёяд, ман ҷони бибӣ калонакак шудӣ, рафта об биёр, чой кунем гуфта, ба дасташ кӯзача дода, ба лаби ҳавз равон кунам, бачаякаш биёяду об мегирам гуфта, пояш лағжида ба ҳавз афтаду ғарк шавад, баъд ман чӣ кор мекунам, ба шавҳарам чӣ ҷавоб медиҳам?! Вой бар ҳоли мане, рӯзам сиёҳ шуд-е!

пешина
аз 135
навбатӣ