Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа
АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан- Хуб шудааст.
Лак ба лаби ҳавз рафт. Дид, ки духтарашон оби дида шаш қатор гиря карда нишастааст. - Ҳа, духтарам, чӣ шуд ба ту, барои чӣ гиря карда нишастаӣ? - пурсид Лак.
- Эй модарҷон, ман гиря накунам, кӣ гиря мекунад?! - ҷавоб дод духтар.
- Об гирифта истода фикр кардам, ки раваду хостгорҳо маро хуш кунанд, тӯю тамошо шавад, сонӣ як писарча зоям, писарчааш калонакак шаваду аз дасташ дошта, ба хонаи шумо ба меҳмонӣ биёям, шумо: «Ҷони бибӣ, калонакак шудӣ, дастёрак шудӣ, рафта об биёр, чой кунем», гуфта, ба дасташ кӯзача диҳеду ба лаби ҳавз равон кунед. Бачаякам биёяду «аз ҳавз об мегирам» гуфта пояш лағжида ба ҳавз ғалтида ғарқ шавад, баъд ман чӣ кор мекунам, ба шавҳарам чӣ ҷавоб медиҳам?! Вой бар ҳоли мане, рӯзам сиёҳ шуда!
- Вой бар ақли расоят, модаракат қурбон шавад! - гуфт Лак ба паҳлуи духтараш нишасту гирён шуд.
Пак як дам нигоҳ кард, ду дам нигоҳ кард, аз духтараш дарак нашуд, хесту ба лаби ҳавз омад. Омада дид, ки духтару зан дар лаби ҳавз зор-зор гиря карда нишастаанд. - Лак, Лак!
- Ҷони Пак!
- Чӣ шуд, ки модару духтар ин хел зор-зор гиря карда нишастетон?
- Ой, ҷони Паке! - гуфт Лак. - Мо гиря накунем, кӣ гиря кунад?! Гӯш кунед, ин духтараки баақли мо чӣ мегӯяд!
- Чӣ мегӯяд, Лак? - ҳайрон шуд Пак.
- Мегӯяд, ки раваду хостгорон ӯро хуш кунанду тӯю тамошо шавад, сонӣ як писарча зояд, писарчааш калонакак...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё