Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа
ҲикояАфсона
Аз аввал хонданХостгорҳо ин гапро шунида:
- Бай-бай, ақли ин духтар ҳуснаш барин расо будааст, - гӯён тӯйро пеш гирифтанд.
- Тӯй шуд, тамошо шуд. Духтарро асп савор карда, ёр-ёр гуфта, гирифта рафтанд.
- Лак, Лак!
- Ҷони Пак!
- Бе духтарамон зиқ шудем-ку, - оҳи сард аз дили пурдард кашид Пак.
- Хайр, рафта бинем-чӣ? – гуфт Лак, - шумо рафта камтар равған биёред, ман як табақ санбӯса пазам, гирифта барем. Духтаракамон санбӯсаро ёд кардагист.
Пак як пиёла гирифта, пеши равғанфурӯш рафт.
Равғанфурӯш як қадок равған чен карда, ба пиёлаи Пак андохт, як қадар равған зиёдатӣ кард. - Камакак ҳаққатон монд, инро чӣ кор кунам? - пурсид равғанфурӯш.
- Мана ба ин ҷо андозед, - гуфт Пак пиёларо чаппа карда пушташро дошт.
Равғанфурӯш бақияи равғанро ба пушти пиёла рехт. Пак оварда ба дасти занаш дод. - Пак, Пак! Ин равғани овардагиат ҷудо кам-ку? – гуфт занаш. – Ба санбӯса намерасад.
- Кам не, азизакам, дар даруни пиёла ҳам ҳаст.
Лак пиёларо рост карда, дарунашро диданӣ шуд, ки як камакак равғани дар пушти пиёла будагӣ ҳам рехт.
Беравған санбӯса намешавад. Лаку Пак дурудароз маслиҳат карда, қарор доданд, ки хуб мешуд як рӯймол нони гарм пухта баранд.
Лак хамир карду хобонда ба Пак гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё