Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан

Накунад. Тоҳир бошад аз Гавҳар илтимос мекард, ки ӯро ба ҳоли худ гузорад, ёди пурсафои Зӯҳрои дилоромашро тира насозад. Ҳамин хел то саҳар гапгузаронӣ карданд, саҳарӣ хоби Гавҳар бурда монд.

Тоҳир хеста, либос дигар кард ва номаълум аз қасри подшоҳ баромада рафта, роҳи кӯҳу биёбонро пеш гирифт.
Рафт-рафт баъди чанд рӯз ба пойтахти мамлакаташ расид.

Боз ду дилдода аз дидори ҳамдигар лаззат гирифтанд.
Хушбахт буд Зӯҳро, хушбахт буд Тоҳир.

Вале ин дафъа ҳам шодкомиҳои Тоҳиру Зӯҳро дер давом накард. Сиёҳбаҳодури бераҳму дилсанг боз аз баргаштани Тоҳир хабар ёфта, ба падари Зӯҳро таҳдид кард: Қасратро ба замин яксон мекунам! Сарат ба дор меравад!

Подшоҳ девона шуд, фармуд, ки Тоҳирро ба дор овезанд.
Дар пеши чашми подшоҳу Сиёҳбаҳодур Тоҳирро ба пеши дор оварданд.

Тоҳир сӯи дор мерафту мегуфт:

Диле дорам, ки аз султон натарсад,
Зи банди кундаву зиндон натарсад.
Дили ошиқ мисоли гурги гушна,
Ки гурги гушна аз чӯпон натарсад.
Зӯҳраам офтоби бахтам, меҳрубонам, алвидоъ,
Нури чашму сарви дил, ороми ҷонам алвидоъ,
Меравам аз ин ҷаҳон дар дил фиғону номурод,
Хуш бимону хуш бош, эй Зӯҳраҷонам алвидоъ!

Зӯҳро чанд рӯз либоси сиёҳ пӯшида аза гирифт. Ӯро ғами ҷавонмаргаш мисли шамъ об мекард. Вай об мешуду Тоҳирашро ёд карда мегуфт:

пешина
аз 135
навбатӣ