Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа
Вай шино карда, ба сандуқ наздик шуда даст андохт. Гӯшаи сандуқ ба дасташ омад. Гӯшакро маҳкам дошта, сандуқро кашида ба лаби дарё овард.
Се хоҳарон сандукро аз дарё бароварда нигоҳ карданд, ки ҷои мекушодагӣ надорад. Хостанд бишкананд. Ҳамин вақт аз даруни сандуқ шарақае баромад, сарпӯшаш кушода шуд.
Диданд, ки як ҷавони нозанин хобидааст, чунон нозанин, ки мислу монандашро ҳеҷ гоҳ надида буданд.
Ҳамон замон ба подшоҳ хабар доданд. Подшоҳ навкаронашро фиристод, сандуқро, ки Тоҳир дар дарунаш буд, ба қаср оварданд. Тоҳир дар роҳ кӯфтаю бемор шуда буд.
Ба табибон фармуд, ки ӯро табобат кунанд.
Чанд рӯз гузашт. Тоҳир ҳол гирифт, фарбеҳу тоза,
нозанинтару зеботар шуд. Баъд аз ин духтарон маслиҳати кардагиашонро ба падарашон гуфтанд. Подшоҳ розӣ шуд,
ки Гавҳарро ба Тоҳир никоҳ карда диҳанд. Баъди тӯй Тоҳир саргузашташро нақл карда гуфт:
Зӯҳро, нури дидагонам, ақлу ҳушам, хурсандии дилам,
орзӯю умедам, намехоҳам ба вай бевафоӣ кунам.
- Ман туро аз Зӯҳро зиёдтар дӯст доштаам, - гуфт Гавҳар, якрав мабош, муҳаббати аввалини самимию гарму ҷӯшони маро рад накун!
Тоҳир оҳи бадард кашида гуфт:
Бе Зӯҳраи ҷон ман ин ҷаҳонро чӣ кунам?!
Бе ӯ гули сурхи аргувонро чӣ кунам?!
Бе ӯ гули сурхи аргувон бисёр аст,
Дил майли ӯ дорад, дигаронро чӣ кунам?!
Гавҳар зориҳо кард, тавалло кард, ки Тоҳир номуродаш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё