Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа
кампирро шунида, аввал аз Тоҳир ранҷиd. Баъд хислатҳои Тоҳир, меҳрубониҳои ӯ, дӯстиашон аз бачагиро ба хотир оварда, шубҳа карду қарор дод, ки то ҳодисае ба сараш наояд, ба маҳбубаш содиқ хоҳад монд.
Подшоҳ бошад, Тоҳирро аз пойтахт ронда, хотирҷамъ шуда, ба Сияхбаҳодур навишт, ки хушбахт аст, духтарашро ба бузургтарин подшоҳи олам хоҳад дод.
Сияхбаҳодур номаро гирифта, хост Зӯҳроро бинад.
Рӯи чун моҳи тобон, қомати мавзун ва чашмони шаҳлои пурҷозибаи ӯро дида ҳуш аз сари Сияхбаҳодур париду дар дили сиёҳаш муҳаббат лона гузошт.
- Ба ивази ин духтари нозанин, - гуфт ӯ ба падари Зӯҳро,
- ҳар чӣ мехоҳӣ, аз ман мегирӣ!
Падари Зӯҳро хурсанд шуда гуфт:
- Барои ман ҳаминаш бас аст, ки шумо барин як подшоҳи оламу султони муаззам домодам мешавед. Беандоза сарафрозам ман!
Ин суханон дили Зӯҳроро чун тири заҳролуд бисӯзонданд.
- Ин хел намешавад! - фарёд кард ӯ. - Ман Тоҳирро дӯст медорам. Тоҳир барои ман аз ҷон ширинтар асту гиромитар аз ҷаҳон.
Подшоҳ гуфт:
-
Тоҳир туро дӯст намедорад, аз ту дил канда баромада рафт.
-
Бовар намекунам! - гуфт Зӯҳро. – Тоҳир ин хел одам не!
Сияхбаҳодур, ки аз ишқи Зӯҳро ва Тоҳир хабар надошт, суханони ӯро шунида гуфт:
- Ин тавр бошад, ман чил рӯз мунтазир мешавам, бовар дорам, ки дар ин муддат Зӯҳрои нозанин аз Тоҳиру аз муҳаб-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё