Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

ҲикояАфсона
Аз аввал хондан

Подшоҳ гапи ин духтари гадоиашро шунида, ба андеша афтоду гуфт:

  • Хайр духтарам, ту рав ман фикр мекунам.

Зӯҳро рафт. Подшоҳ вазиронашро пеши худ хонд. Вай бо онҳо мазмуни гуфтугӯяшро бо духтараш гуфта дод.

Гуфтанд:

  • Тоҳирро назди Зӯҳро бад карда нишон додан лозиму баъд аз пойтахт рондан. Зӯҳро дилаш хунук мешаваду ба арӯсии Сиёҳбаҳодур розигӣ медиҳад.
  • Беҳтараш Тоҳирро ҷеғ зада, насиҳат кунем, бигӯем, ки аз роҳаш гардад.

Подшоҳ вазиронашро ҷавоб дода, Тоҳирро назди худ хонд. Дили Тоҳир аз илтифоти ногаҳонии подшоҳ лабрези умед шуд, вале суханони подшоҳро шунида, тарбуз ба бағалаш афтод. Подшоҳ ба ӯ гуфт, ки аз Зӯҳро даст кашида, аз шаҳр баромада равад.

  • Не! - гуфт Тоҳир. - То ҷон дар бадан дорам, дасти ману домони Зӯҳро.
  • Хаёли хомро аз сарат дур кун! - амр кард подшоҳ.

Тоҳир дар ғазаб шуда гуфт:

  • Ту золимӣ, падари маро куштӣ, модари бечораамро бева ва фарзанди ягонаи ӯро ятим кардӣ! Акнун мехоҳӣ ман ба гапи ту даромада, тарки ишқ кунам. Тушбераро хом шумурдаӣ.

Подшоҳ ин суханонро шунида, фармон дод, ки дасту пою чашми Тоҳирро баста, ба ҷои дуре бурда партоянд ва агар ягон рӯз баргашта ояд, ба шаҳр роҳ надиҳанд. Баъд аз ин подшоҳ як кампири золро ба пеши духтараш равон карда гуфт:

  • Рафта ба духтарам гӯй, ки Тоҳир дар ҳаққи ману вай носазоҳо гуфта, моро дашном дода баромада рафт.

Кампир ин гапҳоро бурда ба Зӯҳро расонид. Зӯҳро, ки ба ҳар хабаре дар бораи Тоҳир бесаброна интизор буд, суханони

пешина
аз 135
навбатӣ