Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа
Болои кӯҳи баланде баромад. Дар он ҷо аспро ба дарахт баста, як тори ёли аспи дӯстдоштаи худро дуд андохт. Тори ёл сӯхта, ҳамоно асп ҳозир шуд. Ба асп зину афзоли зебое задагӣ ва дар рӯи зин пӯшоки гаронбаҳо бастагӣ буд. Музаффар либосҳои гаронбаҳоро пӯшида, ба асп савор шуду аз паси домодҳои калонӣ рафт.
Вай ба онҳо расида салом доду баъд гузашта рафт.
Домодҳои калонӣ ӯро нашинохтанд.
- Ин ҷавони зебои либосҳои пурқиммат пӯшидагӣ кӣ бошад? - мепурсиданд онҳо аз якдигар.
Музаффар дар роҳаш на ҳайвонеро вохӯrду на паррандаеро. Вай ҳамин хел ба як кӯҳи баланд расид. Сарашро бардошта, дар қуллаи кӯҳ мӯйсафедеро дид.
-
Эй ҷавонмард, дар ин ҷо ба ту чӣ даркор аст? - пурсид мӯйсафед.
-
Ман шикоркунӣ омадам! - ҷавоб дод Музаффар.
-
Ин хел бошад, ин ҷо баро! - гуфт мӯйсафед. Музаффар аспро маҳмез зад ва дар як лаҳза ба қуллаи кӯҳ баромад. Вай ба мӯйсафед бо адоб салом дода, вохӯрдӣ кард, дар бораи барор нагирифтани шикораш шикоят намуд.
-
Ана, ин оҳуҳоро шикор кун! - гуфт мӯйсафед ба Музаффар, навозишкорона табассум карда.
Музаффар бо чолокӣ чор оҳуро зада ғалтонду ба кандани пӯсташон сар кард.
- Гӯшти инҳо талх асту шикамбаашон бомазза! - гуфт мӯйсафед маънидор табассум карда.
Ҳамин вақт домодҳои калонӣ ҳам омада монданд. Онҳо ба қуллаи кӯҳ баромада натавонистанд.
- Чашматонро пӯшед! - фарёд кард ба онҳо мӯйсафед. Онҳо
мисли Музаффар ба қуллаи кӯҳ баромада бо мӯйсафед вохӯрдӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё