Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

ҲикояАфсона
Аз аввал хондан

Болои кӯҳи баланде баромад. Дар он ҷо аспро ба дарахт баста, як тори ёли аспи дӯстдоштаи худро дуд андохт. Тори ёл сӯхту ҳамоно асп ҳозир шуд. Ба асп зину афзоли зебое задагӣ ва ба рӯи зин пӯшоки гаронбаҳо бастагӣ буд. Музаффар либосҳои гаронбаҳоро пӯшида, ба асп савор шуду аз паси домодҳои калонӣ рафт.

Вай ба онҳо расида салом доду баъд гузашта рафт.
Домодҳои калонӣ ӯро нашинохтанд.

  • Ин ҷавони зебои либосҳои пурқиммат пӯшидагӣ кӣ бошад? - мепурсиданд онҳо аз якдигар.

Музаффар дар роҳаш на ҳайвонеро вохӯрду на паррандаро. Вай ҳамин хел ба як кӯҳи баланд расид. Сарашро бардошта, дар қуллаи кӯҳ мӯйсафедеро дид.

  • Эй ҷавонмард, дар ин ҷо ба ту чӣ даркор аст? - пурсид мӯйсафед.

  • Ман шикоркунӣ омадам! - ҷавоб дод Музаффар.

  • Ин хел бошад, ин ҷо баро! - гуфт мӯйсафед. Музаффар аспро маҳмуз зад ва дар як лаҳза ба қуллаи кӯҳ баромад. Вай ба мӯйсафед бо адаб салом дода, вохӯрдӣ кард, дар бораи бардошт нагирифтани шикораш шикоят намуд.

  • Ана, ин оҳухоро шикор кун! - гуфт мӯйсафед ба Музаффар ва навозишкорона табассум кард.

Музаффар бо чолокӣ чор оҳуро зада ғалтонда ба кандани пӯсташон сар кард.

  • Гӯшти инҳо талх асту шикамбаашон бомазза! - гуфт мӯйсафед маънидор табассум карда.

Ҳамин вақт домодҳои калонӣ ҳам омада монданд. Онҳо ба қуллаи кӯҳ баромада натавонистанд.

  • Чашматонро пӯшед! - фарёд кард ба онҳо мӯйсафед. Онҳо мисли Музаффар ба қуллаи кӯҳ баромада бо мӯйсафед вохӯрданд.
пешина
аз 135
навбатӣ