Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан

Ҷавон ҳамин хел фикр карду боз аз ҷайбаш сад тангаи дигар бароварда, ба пирамард дод. Пирамард гуфт:

  • Ба миён корд овехта ботию кордат таърифӣ бошад, пеши дигарон, чу эҳтиёҷе ба корд пайдо нашавад, корд набарор!

  • Инро ҳам санҷидан даркор, - аз дил гузаронид ҷавон ва ба пирамард сад тангаи дигар пешкаш кард.

  • Аз навкиса қарз нагир, агар гирӣ харҷ макун, - гуфт пирамард.

Ҳамин тавр ҷавон сесад танга сарф карду се панд шунид ва дар фикри муқаррар намудани дурустии ин пандҳо шуд.

Дӯсте дошт, ки ба қарибӣ ба худ кори даромадноке ёфта, пулдор шуда буд. Яъне навкиса буд. Пешаш рафта аз ӯ пул қарз гирифта, оварда руст карда монд. Дере нагузашта, дӯсташ омада пулашро талаб кард.

  • Узр мехоҳам. Агар пулро зуд ба ман нагардонӣ хонабаргӯр мешавам.

Ҷавон ба рӯи ӯ зеҳн монда, фаҳмид, ки коҳидааст, маълум буд, ки барои пули қарз додааш хавотирӣ кашидаву бетоқат шуда, шабҳо хобаш паридааст.

Ҷавон пули дӯсташро бароварда доду дар дилаш «як панди пирамард дуруст баромад» гуфт.

Ҷавон як рӯз ба меҳмонӣ рафта, дар пойгоҳи меҳмонхона нишаст. Ҳарчанд хоҳиш карданд, болотар нагузашт. Меҳмонхона пур аз меҳмон шуда буд, ки ду меҳмони дигар омад. Навомадагон аз ӯ калонсолтар буданд, ҷояшро ба онҳо доду худ берун рафт. Боз як панди пирамард дуруст баромад.

Дар рӯи ҳавлӣ гӯсфанд куштанӣ буданд, қассос мехост, ки корди хуб биёваранд. Ду-се корд бароварданд, ба қассоб маъқул нашуд. Мизбонон ҳайрон шуданд, намедонистанд, чӣ кор кунанд. Ҷавон кордашро кашида ба қассоб дод. Корде буд

пешина
аз 135
навбатӣ