Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан

Аз пӯлоди тоза, тез мисли алмос, дастааш гулкорӣ — ба хироҷи мамлакат меарзид.

Қасоб ин тараф-он тарафи кордро бодиққат аз назар гузаронида ба ҷавон гуфт:

  • Ин корд аз падарам ба ман мерос монда буд, чор сол пеш гум шуд, то имрӯз ман онро ҷустуҷӯ мекардам. Маълум шуд, ки ту дуздида будӣ.

Ду нафар шарики қасоб шоҳид шуданд. Ҷавонро дузд гирифта ба қозихона кашиданд ва ба зиндон андохтанд.

Панди сеюми пирамард ҳам дуруст баромад, гуфт ӯ худ ба худ. Дар кунҷи зиндон ба хаёл рафта нишаста буд, ки нохост аз паси дар овози пирамарди пандфурӯш шунида шуд:

Давои қурут — оби ҷӯш. Ба ту тӯҳмат карданд, бидон, ки тӯҳматро тӯҳмат мехӯрад.

Ҷавон бисёр фикр карду, охир тӯҳмате бофта, дари зиндонро кӯфт. Посбонон пурсиданд, ки чӣ мехоҳад. Гуфт:

  • Ба ман тӯҳмат карданд, маро пеши ҳоким баред.

Баъди он ки чанд рӯз боисрор дар кӯфту талаб кард, ки ӯро пеши ҳоким баранд, дархости ӯро иҷро карданд.

Ҳоким ба рӯи ӯ бо нафрат нигоҳ карда, гуфт:

  • Ҳа, дузд, ҷанҷол бардоштӣ. Магар намедонӣ, ки зиндонӣ шӯрад, гуноҳаш ва зимнан ҷазояш меафзояд.

  • Медонам, - гуфт ҷавон, - ҳаминро ҳам медонам, ки агар қози одил бошад, аввал мепурсаду баъд ҷазо медиҳад.

  • Хайр, агар қози пурсад, ба ҷавоби ту кӣ бовар мекунад дар сурате, ки қасоб ду шоҳид дорад.

  • Ба ман шоҳид лозим не, - гуфт ҷавон, - ман он чӣ ки шуд ҳамонро мегӯям, худи шумо хулоса бароред.

  • Бигӯ! - фармуд ҳоким.

  • Дар назди қози мегӯям, - гуфт ҷавон.

пешина
аз 135
навбатӣ