Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа
АфсонаҲикоя
Аз аввал хонданБаъди ин падараш ба пеши давлат рафту ҷавоби писаронашро гуфта дод. Давлат гуфт:
- Ҷои ман хонадонест, ки он ҷо тифоқӣ бошад.
Ҳамсояҳо ин гапро шунида гуфтанд Давлат ин тифоқӣ, дӯстӣ, ҳамдилӣ будааст.
ПАНДИ АРЗОН
Ҷавоне буд, шавқи ҳар чизро донистан дошт ва он ҷавон рӯзе ба пирамарде ҳамнишин шуд ба он умед, ки аз ӯ сухани муфиде мешунаваду ба хотир мегирад. Вале пирамард гӯё ба даҳонаш мӯҳр зада бошад, хомӯш менишаст.
Ҷавон зик шуда гуфт:
- Падар, ба даҳон магар об гирифтаед, ки лаб намекушоед?
- Суханҳои ман гаронанд, - гуфт пирамард.
- Хайр, агар суханҳоятон гарон бошанд арзишашонро аз ман биситонед, - гуфт ҷавон, - вале хомӯш нашинед, ки дилам танг шуду тоқатам тоқ.
- Суханҳои ман гаронанд, - ботакрор гуфт пирамард.
- Чанд пуланд суханҳои шумо? - пурсид ҷавон.
- Сад танга.
Ҷавон сад танга аз ҷайбаш бароварда пеши ӯ гузошт.
Пирамард гуфт: - Ҳар гоҳ меҳмон шавӣ, дар пойгоҳ нанишин.
Пирамард чунин гуфту боз даҳон баст.
Ҷавон фикр кард: яъне меҳмон кӯшиш кунад, ки аз пойгоҳ болотар нишинад. Хайр, агар хоксорӣ карда дар пойгоҳ нишинад, чӣ мешавад? Инро бояд санҷид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё