Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа
АфсонаҲикоя
Аз аввал хонданДАВЛАТ ЧИСТ
Буд-набуд, як марди бадавлат буд. Се писар дошт ӯ.
Рӯзе нисбати ин хонадон байни ду ҳамсояи ӯ гуфтугӯ ба амал омад:
- Ҳамсоя, мо ҳам мисли ҳамин ҳамсоямон заҳмат мекашем, кор мекунем, ҳамеша дар тараддуд, вале сабаб чӣ бошад, ки ӯ бадавлат асту мо не?
- Инро аз худи давлат пурсидан лозим, - гуфт ҳамсоя.
Ҳамсояҳо давлатро пеши худ хонданду ба ӯ гуфтанд: - Сабаб чист, ки ту ба ин ҳамсояи мо ёр ҳастию ба мо не?
Давлат гуфт: - Шумо мехоҳед инро донед?
- Ҳа мехоҳем, - гуфтанд ҳамсояҳо.
- Ин тавр бошад, ман аз хонадони ӯ рафтагӣ мешавам, бинед чӣ мешавад.
Баъди ин давлат ба бой гуфт, ки мехоҳад хонадони ӯро тарк бикунад.
Бой ба ҳар се писараш алоҳида-алоҳида маслиҳат кардагӣ шуда, аввал аз писари калонӣ пурсид: - Писарам, давлат аз хонадони мо меравам мегӯяд, ту ба ин чӣ мегӯӣ?
- Рафтагӣ бошад равад, ба мо давлат не, тифоқӣ даркор, - гуфт писари калонӣ.
Баъди ин бой аз писари миёна пурсид. Писари миёна ҳам гапи писари калониро гуфт. Баъд бой аз писари хурдӣ пурсид: - Писарам, давлат аз хонадони мо меравам мегӯяд, ту ба ин чӣ мегӯӣ?
- Давлат равад, раваду тифоқӣ наравад, моён тифоқ зиндагӣ кунем, давлат ҳеҷ ҷо намемеравад, - гуфт писари хурдӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё