Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

пахта даст ба гиребон мешаванд. Тракторчӣ Эргаш бо мақсади наранҷонидани табъи нозуки ҳашарот заминро фақат оҳиста ҳанҷол карда мегузарад.

Аз колхози «Пӯлодон» сардорони бригада заминро ба қайроқ табдил дода, культивацияро чунон рӯякӣ кардаанд, ки замин озор наёбад.

АВВАЛ КОР, БАЪД ГУФТОР

Рӯзи дигар комиссияи Ҳисор ба ноҳияи ҳамсоя омад. Раиси колхози «Ғалаба» Маҷлисов дирӯзакак ба сӯи пахтакорони Ҳисор санги маломат ғурронда гуфта буд, ки коратон пуч, заминатон луч. Аммо имрӯз ҳисориҳо омада, абру астари танбалони коргурези ин ҷоро чаппа карданд ва рӯирост гуфтанд, ки чаро онҳо аз замини холӣ сад ман шолӣ ваъда мекунанд. Намедонем, аз барои чӣ раис ака аз механизатсия қимоб аст. Дар саҳро бисёр тракторҳо дар лаби ҷӯй ҳамёза кашида якпаҳлӯ мехобанд. Алафи «саломалайкум» субҳу шом ба роҳбарони колхоз дуқат шуда салом медиҳад.

Овоза паҳн шудааст, ки ба роҳбарони колхоз аз себу шафтолу, анору анҷир ва ноку ангур лаб кушоед, оби даҳонашон мешорад. Аммо аз боғу боғдорӣ сухан равад, лаблабу барин суп-сурх шуда, хомӯш мемонанд. Эҳтимол аз ҳамин сабаб бошад, ки боғҳои колхозро аз ҷангали Мозандарон фарқ кардан мумкин нест.

Таърифи бисёр бригадаҳои колхоз аз мағриб то машриқ рафтааст. Аммо дар шароити имрӯза кори онҳо тамоман дар хӯрчин аст. Дар саҳро мардҳоро рӯзона ҳатто бо чароғ кофта ёфтан мумкин нест. Сардори бригада Зебоев аз комёбиҳои соли гузашта чу-

пешина
аз 144
навбатӣ