Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҲикояҶомеа
Аз аввал хондан

ДАРДИ БАДРО ДАВОИ БАД

ДӮСТ ГИРЬЁНДА ГАП МЕЗАНАД

Хорпуштак ихтиёри сайру гашти пахтазор кард ва ба мошина зину лаҷом зада, даставвал ба ноҳияи Ҳисор омад. Вай пахтазорро мувофиқи табъ давр зад.
— Нағз кардед, ки омадед, — гуфтаанд дӯстони ӯ. — Имрӯз пахтакорони ноҳияи ҳамсоя, ки бо мо мусобиқаи социалистӣ доранд, меҳмон шуда меоянд.
Ин гап ба Хорпуштак равғани зард барин форид.
Ана-мана нагуфта ҳамсояҳо омаданд ва пахтазори дӯстони худро аз сӯзан кашида, то ришта бо диққат санҷиданд ва дар охир ҳама дар як ҷо ҷамъ омада, иллати якдигарро беминнат гуфта доданд. Ононеро «шавад обӣ, нашавад-лалмӣ» гӯён таралла карда мегарданд, расвои олам карданд.
— Шумо, дӯстон, имсол бояд ба давлат пахтаи бисёр супоред, — гуфтанд меҳмонҳо. — Шумо аз рӯи виҷдон кор кардед, ки мо ба ин тан медиҳем. Лекин

пешина
аз 144
навбатӣ