Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа
да: «То реша дар об аст, умеди самар аст» гӯён ба худ тасаллӣ медиҳанд. Ҳашарот ҳам барг ва гулу шонаи ниҳолро пок-покиза лесида, ба ҳарифони фориғболаш решаро боқӣ гузошта истодааст.
ОДАМИЗОД ШИРИ ХОМХӮРДА
Август ба охир расид. Пахтачинӣ ҳам сар шуд. Вале колхозҳои ноҳия аз наздик омадани ин маърака ғофил монданд. Чунончи дар колхозҳо қисми зиёди хирманҷойҳо, аробаю мошин ва сангу тарозу ба паноҳи худ партофта шудаанд, чунки роҳбарони колхозҳо ҳанӯз пинакашонро вайрон накардаанд. Ташкилотҳои хизматрасонии ноҳия инчунин то ин дам дар хоби роҳатанд. Ҷамъияти матлубот ғами магазинҳои сайёр, аз озуқа ва молҳои сермасриф таъмин кардани пахтакоронро кам мехӯрад. Колхозҳо ба ин ташкилот дар бораи резини чарх ва дигар қисмҳои эҳтиётии автомашина, масолеҳи бинокорӣ ғарам-ғарам талабнома дода, моҳҳои дароз чашмдори қонеъ шудани арзи худ мебошанд. Вале ходимони сертарадууди камкори ин идора шамол нахӯрад гӯён думи корро аз хӯрчин намебароранд.
Ташкилотҳои роҳсозии ноҳия ҳам болои ҷӯю дарё ва чуқуриҳоро ба ваъда пӯшида, кафи даст барин равон карда мондаанд.
Бо вуҷуди ҳамаи ин роҳбарони баъзе колхозҳо ба ким-кадом як мӯъҷизае ки бояд ҳамаи ин нуқсонҳоро дар як чашм кушода пӯшидан ба ҷои онҳо бартараф намояд, бовариро гум накардаанд. Ҳатто, баръакс, одамони аз тақдири ҳосилот ба ташвишафтодаро хунсардона тасаллӣ медиҳанд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё