Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа
Одамони некирода дар бобати мустаҳкам кардани сулҳ ва дӯстии байни халқҳо орзуҳои неки худро расонданд.
Конференсияи матбуот бо ҷӯшу хурӯш гузашт. Мухбирони хориҷӣ, ки аз Ғарб ва аз он тарафи уқёнус омада буданд, монандӣ мурғони посӯхта бесаброна ба ҳар сӯ медавиданд ва аз саросемагӣ дар ҳар қадам пешпо хӯрда, чӣ кор карданашонро намедонистанд.
Дӯстони мо бошанд, боз машғули сайру гашт ва шодию хурсандӣ шуданд. Тамоми сайёраҳо ба тамошои ин манзараи дилпазир баромаданд.
Тантанаи фатҳи коинот шуҳрати моро бештар оламгир кард. Душманони мо аз алам ба ҷароҳати худ қаламфур монданд.
Ватан ба қаҳрамонон салют дод. Ин салют чунон баланд ва мушакҳо чунон рангоранг буданд, ки гӯши адӯро кар ва чашми онро кӯр мекард. Халқ қаҳрамононро ба оғӯши гарму нарми худ кашид. Хорпуштак чаман-чаман шукуфта, овози худро ба овози халқ ҷӯр кард:
— Мо кунун аз паҳлӯи шамсу қамар бигзаштаем!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё