Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

Хорпуштак чашми Оинаи ҷаҳоннамои худро ба биное, ки конференсияи матбуот барпо гардид, равона кард. Бино аз одам лиқ пур буд, ки сӯзанро партоед, рост меистод. Ошно ҳам буд, бегона ҳам, кас ҳам буд, нокас ҳам.

Ана чор нафар қаҳрамон, чор бародарон: Николаев, Попович, Гагарин, Титов паси ҳам ба саҳна баромаданд. Садои чапакзанӣ гумбади залро ба ларза оварда, қариб буд, ки торс кафонад. Бозори саволу ҷавоб авҷ гирифт:

— Дар вақти парвоз, вақте ки журналистони Америкаро ба хотир овардед, дасту поятон наларзид?

— Оҳистекак бояд гӯем, ки чӣ дар вақти ба коинот баромадан ва чӣ дар вақти фаромадан дасту поямон мутлақо наларзидааст. Модоме ки чунин аст, аз журналистони Америка чӣ ҷои ларза ва чӣ ҷои тарс?

Дар зал ҳандаи баланд шуд. Замин намекафид, ки мухбирони фитнаҷӯи Ғарб дароянд.

— Парвози шумо ягон мақсади ҳарбӣ дошт? Қиштиҳои шумо яроқи ядрой бардошта метавонанд?

— Агар ба ин эҳтиёҷ афтад, чизҳои даркориро ба ҷойҳои зарурӣ бемалол бурда мерасонем.

— Дар оянда дар вақти ба коинот сар додани киштиҳои дигар ба мухбирони Ғарб роҳ дода мешавад ё не?

— Аввал ҳукумати шумо марҳамат карда ба аҳдномаи яроқпартоӣ имзо кунад, баъд дар ин хусус гуфтугӯй мекунем.

— Матбуоти буржуазии Ғарб, хусусан матбуоти Америка овозаҳо паҳн карда истодааст, ки гӯё парвози шумо ба Ғарб «таҳдид» мекарда бошад. Шумо дар ин хусус чӣ мегӯед?

— Мо одамони осоишта ҳастем. Ҳангоми парвозамон дар атрофи Замин ба ҳамаи халқҳои ҷаҳон, ҳамаи

С. Ғанӣ. Гули хайдон

пешина
аз 144
навбатӣ