Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа
— Браво! — аз кишвари советӣ ва сарзамини дӯстон садо меояд.
— О кэй! — овози дӯстони англисзабон баланд мегардад.
— Қанд занед! — мегӯянд тоҷикон.
Ниҳоят, рӯзи таърихии пешвозгирии фотеҳони коинот, қаҳрамонони даврон расид. Кӯчаву хиёбонҳои Москва ба дарёи пурмавҷи одамон, майдонҳо ба баҳри беканор шабоҳат доштанд. Чапакзанӣ, дастафшонӣ ва гулдастапартоии ҳазорон одамон талотуми шӯхи дарёҳои кӯҳистонро ба хотир меоварданд.
Ана Майдони Сурх. Чанде пеш ин майдон Гагарин ва Титовро пешвоз гирифта буд. Имрӯз Майдони Сурх Николаев ва Поповичро ба оғӯши гарми худ мекашаду онҳо Майдони Сурхро.
Имрӯз барои кӣ иду барои кӣ азост?
Оинаи ҷаҳоннамо боз бошишгоҳи ҷангсозҳои ба хун ташнаи Ғарбро нишон медиҳад. Саркардаи онҳо аррос мезанад:
— Ин чӣ даҳшат! Ин чӣ талотум! Ин хоб аст ё бедорӣ?
— Бедорӣ, ҷаноб, афсӯс, ки бедорист.
— Ба мухбирон фармоиш диҳед, ки тафсилоташро бо гӯши худ шунида, бо чашмони худ дида, як ба як хабар диҳанд. Худатон нақора ва карнаятонро баландтар навозед, чархи дӯкони дурӯғро тезтар тоб диҳед!
— Аз дурӯғгӯӣ турбаи мухбирон халта шуда мондааст, ҷаноб.
— Ҳаққи қаламро ду-се баробар зиёд кунед!
— Хуб шудааст, ҷаноб.
— Ба Москва, ба конфронси матбуот одамони боэътимодро фиристонед, чаққонтар ҷунбед! Саволнома тартиб диҳед!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё