Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

ИДИ СОЛИ НАВ

Хорпуштак соли навро аввалин бор пешвоз мегирифтааст. Ҳамаи ёру дӯстон бо даъвати вай аз дуру наздик омаданд, то ки ба истиқболи соли нав якҷоя тайёрӣ бинанд ва ин рӯзи некро хушу хурсандона гузаронанд.

Дар миёнаҷои толори васеъ арчаи хеле калони зебоеро гузошта, хуб оро доданд. Коркунони саноати ҷумҳурӣ, ки нақшаро иҷро кардаанд, беҳтарин маҳсулоти худро дастовез карда оварданд.

Хорпуштак чунон серкору беқарор буд, ки мондан гиред. Вай гоҳ ба мағоза медавид, гоҳ ба идораҳо метохт ва гоҳ ба сӯи театру филармония мерафт, меҳмон хабар мекард, одамҳоро ҷо ба ҷо мегузошт, ҳисса кӯтоҳ ба сар хоридан вақт надошт.

  • Шумораи аввалини маҷаллаи ҳаҷвии Хорпуштак моҳи майи соли 1953 баромадааст.
пешина
аз 144
навбатӣ