Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа
Дар он рӯзҳои фаромӯшнашавандаи фатҳи коинот кайфи Хорпуштак аз шодмонӣ ва ифтихор ба фалак дакка мезад. Вай аз хурсанӣ ба куртааш намеғунҷид ва ба худ ҷои нишаст намеёфт. 11 август киштии фалакпаймои «Шарқ-3» ба мадори замин баромад ва бар он киштӣ одами советӣ, саввумин кайҳоннаварди мо — майор Андриян Николаев савор буд.
Хорпуштак аз шодӣ қабат-қабат гӯшт гирифта, гӯшаки Оинаи ҷаҳоннамои худро тофт ва беихтиёр хитоб кард:
— Эй сайёраҳои осмонӣ, эй фалаки ҷомакабуд, эй бошандагони коинот! Пӯшт, пӯшт! Роҳ диҳед, ки фалакпаймои советӣ Николаеви қаҳрамон омад!
Ҳамаи сайёраҳо ба пешвози намояндаи Замин худ аз худ бо зару зевар, дурру ҷавоҳир ва лаълу забарҷад оро дода баромадаанд. Ҳусусан арӯси осмон — Моҳи то-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё