Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа
Моҳ аз ҳама серташвиш буд. Вай ба оина нигоҳ карда, мӯйҳои зарафшон, зулфони мушкини худро шона мекард, ба чашм сурмаву ба абрӯ ӯсма мекашид. Дигар ситораҳо бо тааҷҷуб аз ӯ мепурсиданд:
— Ҳой соҳибҷамол, чаро худро ин қадар оро медиҳед?
— Истед, халал нарасонед, Андрюшаҷон сурати маро гирифта истодааст.
— Ҳа, ин тавр гӯед... Моҳи тобон, мебахшед, боз як савол: эҳтимол, муҷаррад будани ӯро шунида бошед-а?
— Ҳазлатонро монед, шарм медорам.
Хорпуштак чашми Оинаи ҷаҳоннаморо ба сӯи Замин равона кард. Эҳе-е... кӯчаҳо, раставу хиёбонҳо, қасрҳо, боғу майдонҳо пур аз одам. Дар Москва, Ленинград, Киев, Тошкент, Душанбе, хулоса аз Рига то Владивосток дар ҳама ҷо хурду калон ба тамошои иди фалакпаймоён баромадаанд.
Дар ин вақт муждаи нав расид, ки Павел Попович киштии фалакпаймои «Шарқ-4»-ро лаҷом зада, ба фазо парвоз кардааст. Акнун ғул-ғулаи шодиву хурсандӣ аз фалак ҳам болотар рафт.
Аз шунидани ин хабар ҳуш аз каллаи саркардаҳои Ғарб парида, забонашон мегирифт ва чӣ гуфтану чӣ кор карданашонро надониста, шах шуда мемонданд. Ана яке аз кӯчаҳои Вашингтон. Дар гирди радио ва телевизорҳо чунон мардуми бисёре ҷамъ омаданд, ки гӯё замин кафида одам баромадааст. Онҳо ангушти тааҷҷуб ба дандони ҳайрат газида, ба радио гӯш меандозанд.
— Аз осмон фақат суханҳои русӣ ба гӯш мерасад, — мегӯяд яке.
— Бале, ҳозир дар осмон фақат ба русӣ ҳарф мезананд, — тасдиқ мекунад дигаре.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё