Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

Ҷавоб. Ин саволатон ҷон доштагӣ барин. Чӣ тавре ки биринҷ бе қурмак намешавад, дар ҷамъияти мо низ ҳар хел одамон ҳастанд. Дар дасти ман чунин далелу исботҳое мавҷуданд, ки баъзе қаҷрафторҳо аз номи Хорпуштак лоф зада, якта-нимта соддалавҳҳои даҳаньяларо метарсондаанд ва бо ин восита кори худро буд мекардаанд.

Савол. Ба ғайр аз шӯхию ҳазлу латифа, дигар бар худ чиҳо мондӣ, вазифа?

Ҷавоб. Ба халқу партия бас дастёрам.
Зи ҷону дил вафо бар аҳд дорам.

Савол. Чӣ дорӣ бар сарат?

Ҷавоб. Ақлу иродат.

Савол. Ба чашмат чӣ?

Ҷавоб. Бувад нури саодат.

Савол. Ба гӯшат?

Ҷавоб. Ҳар хабар аз кунҷу хилват.

Савол. Чӣ дорӣ дар даҳан?

Ҷавоб. Дурри ҳақиқат.

Савол. Қалам ё найза андар дасту китфат?

Ҷавоб. Қалам, аммо ба тезӣ найзахислат.

Савол. Чӣ бастӣ бар миёнат сахту маҳкам?

Ҷавоб. Камарро сахт бастастам ба ҳиммат.

Савол. Ба по дорӣ чӣ?

Ҷавоб. Қувват баҳри хизмат!

пешина
аз 144
навбатӣ