Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа
Гоҳе зи буғи ҳаммом собун карда тайёр,
Байни тағораи кафк ҳамчун хубоб бозад.
Гаҳ сояи ҳаворо бо теша метарошад,
Гоҳе ба оташи ях фулодро гудозад.
Дар хусуси ин гуна махлуқҳо қанор-қанор гап задан мумкин. Лекин гапи бисёр ба ҳар бор гӯён каме дам мегирему як шингил сурудхонӣ мекунем.
Хӯш, кӣ бошад, дар ҷамъияти мо ҳанӯз баъзе одамоне ҳастанд, ки кам кор мекунанду мӯл мехӯранд, доим шикамашонро хорида ба сина зада, худро ба осмон мебардоранд, ки халқ ба онҳо «Камкори сертараДдуд» лақаб додааст. Ана гӯш кунед, ҳозир бар васфи ин хел махлуқҳо як ашӯлаи равғанин мешунавонем:
Нодони маҳмадоност, камкори сертараДдуд,
Кораш ҳамеша даъвост, камкори сертараДдуд.
«Серкорӣ» нотавоност, камкори сертараДдуд,
Дартоз бар чапу рост, камкори сертараДдуд,
Чӯбинсар оҳанинпост, камкори сертараДдуд.
Дӯстони азиз! Ана акнун репортажи тору пуд арғамчини мухбири ҳамакораи ҳамаи кораш нимкораи худ Бӯқаламунхӯҷаро, ки дар бобати забондонӣ чун аспи қашқа ба ҳафт иқлим маълум аст, дар мавҷи кӯтоҳи камаш ду ҳазор сӯм мешунавонем:
«Колхози «Ҳосилот» яке аз колхозҳои калонтарини район буда, 1555 нафар колхозчиён ва колхозчизани зану мард, хурду калонро дар бар гирифта, колхозчиёни колхози артели хоҷагии қишлоқи мазкур ҳосилнокии маҳсулоти истеҳсолоти колхозии артельро сермаҳсул карда, сермаҳсулӣ ва ҳосилоти ҳамаи зироатҳоро кишти деҳқониро якҷоя бо ҳосилоти ҳайвоноти калони шохдор ва маҳсулоти сершири модаговҳои емхӯру бедахӯрро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё