Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

Пешқадамони ғолиб, Тобанд акнун мӯйлаба Соли нав муборак бошад-е!

Ҳусуни дарё чароғон, Ҳусуни дарё чароғон, Қайроққуму Дилварзин, Мирзочӯл шуд ободон Соли нав муборак бошад-е!

Мо соли кӯҳнаро бо чунин музаффариятҳои азим ҷамъбаст намудем, ки аз дидани он чашми ҳасадхӯрон мош барин кушода мешавад. Одамони советӣ сирри фалакро ошкор намуданд, аз рӯи арӯси коинот — Моҳ чашмбандро кушоданд, ба гӯши вай ҳалқаи заррину досу болғадор овехтанд, корвони ҳамроҳони сунъии заминро ба коинот роҳӣ намуданд. Кабӯтари сулҳ пару боли худро бо ҳаловат паҳн кард.

Дар ҷое ки баландӣ ҳаст, албатта пастӣ ҳам мешавад. Дар ҷое ки дарозӣ ҳаст, кӯтоҳӣ низ рӯй медиҳад. Хорпуштак ба ин муносибат ба зиммаи худ ӯҳдадорӣ мегирад, ки бо пастиву баландиҳое, ки дар натиҷаи бекаландӣ рӯй додаанд, даст ба гиребон шуда, ба бадани танбалому муфтхӯрон, тӯраву худпарастон, фиребгару қаллобон, тӯҳматчиву иғвогарҳо хорҳои тези худро сахт-сахт халонда мегирад.

Ана акнун иҷozat диҳед дар ҳаққи тӯҳматчиёни каҷрафторе, ки аз пашша фил месозанду аз фил пашша, шеъри сермурчу қаланфури Суҳайлӣ Ҷавҳаризодаро хонда диҳем:

Тӯҳматчие, ки гоҳо аз пашша фил созад,
Найро зи шохи уштур оварда менавозад.
Гоҳе зи фил пашша бинмуда бо хаёлот,
Аз шири мурғу моҳӣ болу паре тирозад.

пешина
аз 144
навбатӣ