Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа
РАДИОИ ХОРПУШТАК
Диққат! Боз диққат!
Хорпуштак дар ин рӯзи нек ба ҳамаи коргарон, колхозчиён ба зиёиёне, ки соли навро бо муваффақиятҳои бузург пешвоз мегиранд, вагон-вагон салом мефиристад ва самимона орзу мекунад, ки кору борашон пешрав шавад.
Рафиқони мӯҳтарам! Иҷозат диҳед «аз нӯги хамир фатир» гӯён камтар замзама кунем. Ҳозир як пиёла чойи кабуди талхро ба даст гирифта, ба болини париқу такя кунеду ашӯлаи нимоҳарии «Мӯрак бошад»-ро шунавед. Хонанда худи каминаи камтарин ҳофизи хизмат нишон-надода Хорпуштаки хушовоз. Оҳистекак хотиррасон мекунем, ки мо аз авҷаш қарздор ҳастем, насиб бошад онро дар соли нав мешунавонем.
Эсуни дарёё ароба, Усуни дарёё ароба.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё