Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

Кунандаи номраҳо дар охири концерт мушкили моро осон кард.

— Тамошобинҳои мӯҳтарам! Ҳикояе ки дар қисми якуми концертамон сар карда будем, нотамом монд. Ҳамаи шумо шояд мисли худи ман аз ин хел идораҳои бесару по дар ҳайрат монда бошед ва эҳтимол дар ин хел мавридҳо «Чӣ бояд кард?» гӯён худ ба худ савол диҳед. Албатта, ин савол мантиқан дуруст ва ҷоиз аст. Ман фикр карда-фикр карда ҷавоби ин саволро ёфтам, ки вай хотимаи ҳикояи мо хоҳад шуд: чуноне ки дар урфият мегӯянд, давои қурут оби ҷӯш аст. Ана мисли ҳамон давои ин хел идораҳои касмагиру касмахар яке якбора калтаю кӯтоҳ кардан аст. Аз кам кардани ин хел идораю штатҳои зиёдатӣ кисаи давлат холӣ не, балки пур мешавад, кор қафо не, балки пеш меравад. Бале, гап ҳамин: давои қурут — оби ҷӯш — гуфт эълонкунандаи номраҳо ва илова намуд: — БОРБҲҚИТ. Шояд ба ин суханҳои ҳикматноки ман, ки ба номи идораи болой монанд аст, сарфаҳм нарафта истода бошед. Маънояш ҳамин, ки ба омаданатон раҳмат, бо ҳамин концерти имшабаамон тамом.

пешина
аз 144
навбатӣ