Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

— Ин чӣ хел идора: қаровул дорад, кассир дорад, ҳисобчию бухгалтер дораду лекин сардор надорад.
— Чӣ илоҷ?
— Илоҷи ягона ҳамин аст, ки касеро сардор таъин карда ва каси дигареро ба ҷонишинии сардор қабул кардан лозим аст.

Ба ин вазифаҳо одамони дахлдор хоста гирифта шудаанд. Ба ҳамин тариқ, як аппарати калону малони чор кас медидагӣ ташкил ёфтааст. Аммо роҳбарони нав дар ин идора аз ҳар ҷиҳат нуқсонҳои калонеро ёфтаанд ва аз ташкилотҳои болоӣ талаб кардаанд, ки барои пеш бурдани кор ду нафар инструктор, як нафар мудири хоҷагӣ, комендант, мудири анбор дода шавад. Ин ҳам ҳал шудааст.

— Масъалаи мошина чӣ тавр? — пурсидааст ҷонишин аз сардор.
— Нағз гуфтед. Ба мо як мошинаи сабукрав, як мошинаи боркаш, ду шофёр, як мудири гараж, барои рӯбучини идора як фаррош, барои кашонидани хатҳо ду ходимаи дигар, як котиб-машинистка, як котиби техникӣ лозим. Ин масъаларо худи пагоҳ дар назди идораҳои марказӣ хоҳам монд.

— Ана ин фикри олиҷаноб, — гуфтааст ҷонишини сардор худро болобардор карда.

Дере нагузашта ба ин мансабҳо низ одамҳои муносиб қабул карда шудаанд. Хулласи калом, дар як муддати кӯтоҳ дар ҷое ки чизе набуд, як идораи калони дакаданг ташкил шудааст, ки 25—30 нафар хизматчӣ, столу стул, мошинаю ароба, карру фар ва салобати калоне дорад, ки аз дидани он ба лаби кас табхол медамад.

— Хӯш, идора ташкил шуд, акнун ба вай чӣ ном медиҳем? — пурсидааст сардор аз ҷонишини худ. Вай

пешина
аз 144
навбатӣ