Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

ДАВОИ ҚУРУТ — ОБИ ҶУШ

Дар толори театри опера ва балет нишаста консерти завқбахшеро тамошо мекардем. Дар миёнаҳои концерт эълонкунандаи рақамҳо як ҳикояи ғалатиро нақл кард, ки ҳама аз ханда рӯдакан шуданд. Вай ҳикояи худро чунин оғоз намуд:

— Дар як ҷо барои муҳофизат кардани биное лозим шудааст, ки ду нафар қаровулро ба кор гиранд. Барои ба ин ду нафар маош додан зарур дониста шудааст, ки кассиреро ба кор гиранд. Кассир, ки ба хизмат қабул шуд, табиист, ки ба ҳисобчӣ ва бухгалтер эҳтиёҷ меафтад.

— Чӣ бояд кард?

— Чораи дигаре нест: албатта ин штатҳоро ба шакли қонунӣ дароварда, як ҳисобчӣ ва як бухгалтерро ба кор қабул кардан шарт аст.

Ин корро ҳам кардаанд. Вале касе эрод гирифта гуфтааст:

пешина
аз 144
навбатӣ