Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

Ҳамин буд, ки ба ягон гӯша бурда ба ӯ андаке насиҳат кунам, шояд аз ин кӯи бад халос хӯрад.

Панҷ дақиқа гузашт, наомад. Даҳ дақиқа гузашт, наомад. Ниҳоят дилгир шуда акнун равам гуфта истода будам, ки аз дур намоён шуд. Вай ин дафъа бо чеҳраи равшан бардам-бардам қадам мезад.

— Раҳмат ҷӯра, — гуфт ӯ.

Аз даҳонаш фахҳос зада бӯи арақ меомад. Аз он шармгинӣ ва сукунате, ки 10—15 дақиқа пеш дар вуҷуди ӯ буд, ҳоло осоре намонда буд.

— Канӣ соат? — пурсидам ман.

— Устои падарқусур набудааст, — гуфт дар ҷавоб, — як рафиқам дучор шуда монд: ҳамроҳ садта-садта кардем.

— Кор ҳамин хел давом кардан гирад худро расво мекунед ва радди маърака шуда мемонед. Ҳозир ҳам сари вақт, аз баҳри ин кор гузаред.

— Аз баҳри чӣ? — гуфт ӯ бо ҳайрат.

— Аз баҳри чӣ мешуд, аз баҳри бодапарастӣ-дия!

— Эй ошно, — гуфт ӯ, — ман аз шумо гуфтагӣ бодапарастон нестам.

Дар ҳамин асно як рафиқи шӯхтабиати дигарам омад ва ба мусоҳиба ҳамроҳ шуда баъди воқиф шудан аз мавзӯи сӯҳбат гуфт:

— Ин кас дар ҳақиқат аз бодапарастони шумо гуфтагӣ нестанд. Доим наменӯшанд: дар як рӯз як литр-ду литраш кифоя. Ҳамеша не, дар як ҳафта фақат ҳафт рӯз, танҳо шабонаю рӯзона менӯшанд. Ин ҳам ба ягон муносибат, масалан дар рӯзи истироҳат, дар вақти хурсандии, хафагӣ, азо, ид, дар ҳангоми ба хона омадани меҳмон, дар зиёфат, тӯй, дар вақти ба сафар гуселонидани дӯстон, пешвоз гирифтани ёрӯ ҷӯраҳо, шунидани ягон хабари хуш, таваллуд ёфтани фарзанд,

пешина
аз 144
навбатӣ