Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

БОДАПАРАСТ

ЯК ошнои ман кайҳо боз бандаи шароб шуда, кораш ба ҷое расида буд, ки агар гулӯяшро андак бо шароб тар карда наистад, қомат рост карда наметавонист. Ман дар вақтҳои охир ӯро дар кӯчаҳо доим масту аласт ва ғелидаву ҷӯлида медидам.

Як пагоҳирӯзӣ ӯро дар кӯчаи калоне дидам, ки аз карахтӣ базӯр қадам мепартофт. Рости гап, ба ҳолаш раҳмам омад: либосҳояш фарсуда шуда, пеши чашмонаш мисли обила варам дошт. Ба наздаш омада салом додам. Базӯр алейк гирифт. Баъди пурсупос сарашро хам карда, шармгинона ғурунгос зад:

— Соатамро ба соатсоз дода будам, агар як сӯматон бошад медодед, рафта гирифта меомадам.

Аз рӯяш гузашта натавониста, як сӯм додам. Вай ҷаҳида аз ҷой хесту ба ман гуфт, ки камтар биистам, ҳозир меояд. Розӣ шуда истодам. Аз истодан мурод

пешина
аз 144
навбатӣ