Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

Баъди ин нақл ман шӯхиомез «Мансурхоҷа Серзанаев» гӯед монед — гуфтам. Ҳамсӯҳбатам изҳори намуд:

— Дар ҳаққи ӯ ҳар чӣ гӯед, меарзад. Ҳаққу ҳамсояҳо ва одамони ҳолдон ба Мансурхоҷа лақаби аҷоибе додаанд.

— Хӯш, чӣ лақаб будааст?

— Ку-ку? — бо тааҷҷуб пурсидам. — Ин ба ӯ чӣ алоқа дорад?

— Алоқаи бевосита. Чуноне ки маълум аст, аксарияти паррандаҳо пеш аз ташкил додани оила, одатан, аввал бо нӯлҳои худ хас мекашонанд, дар болои дарахт ва ё дар ягон сӯрохие лона месозанд, онро бо меҳр зинат медиҳанд, барои аз ҳуҷуму даҳолати дигар паррандаю даррандаҳо эмин будани лонаи худ ғамхорӣ мекунанд. Сонӣ тухм мемонанду ҷӯҷа бароварда, бачаҳои худро ба воя мерасонанд. Аммо дар байни паррандаҳо ку-ку ном паррандае ҳаст, ки вай акси инро мекунад: яъне ташвиши зиёдатие намекашад, барои худ лона намесозад ва ҳар баҳор ба лонаи ягон парранда тухм мегузораду мепараду меравад, гашта аз ҳоли он хабар намегирад ва худ аз ин шох ба он шох, аз ин боғ ба он боғ парвоз карда шабу рӯз «куку! ку-ку» гӯён ғазал хонда мегардад. Тухмҳои онро дигар паррандаҳо дар оғӯши гарми худ зер карда, ҷӯҷа мебароранд, парвариш менамоянд ва онҳоро паррончак мекунанд ва ба ҷои ку-куи оилабезори дайду хизмати падару модариро ба ҷо меоваранд.

Вақто ки ҳикояи ҳамсӯҳбатам ба ин ҷо расид, ман:

— Ҳосили матлаб аён шуд, — гуфтам.

— Баракалло — давом дод суханашро ӯ, — маҳз ана аз ҳамин сабаб одамон ба Мансурхоҷаи соқолту Ку-ку лақаб додаанд.

пешина
аз 144
навбатӣ