Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа
— Падари ин духтарча ва писарчаи нозанин ҳамсояи мо — Мансурхоҷа мебошад. Вай дар гузари мо 7—8 сол боз нишинад ҳам, як ҷои муқимӣ надорад. Як рӯз дар ин ҷо бошад, ду рӯз дар ҷои дигар мегардад. Қору бори вай аз ин бом ба он бом, аз ин кӯча ба он кӯча ва аз ин шаҳр ба он шаҳр ҳаллос зада гаштан аст. Шаҳри надидаю идораи кор накардаи вай нест.
Ман сухани ӯро бурида, савол додам:
— Шояд аз рӯи вазифааш маҷбур бошад, ки шаҳр ба шаҳр гардад.
— Қошкӣ ҳамин тавр мешуд, — бо ҳарорат хитоб намуд он кас. Ин шаб бангию рӯз ҳангии дайду ба чаҳор тараф медаваду худро чунон тақводор ва мусичаи бегуноҳ нишон медиҳад, ки кас ҳайрон мешавад. Ягон духтар ва ҷавонзанеро бинад, ба гап ҷома мепӯшонаду бо суханҳои ширин морро аз хонааш берун мебарорад.
Бо гап-гап ҳар ду хеле роҳ паймуданамонро нафаҳмида мондем ва ҳамсӯҳбати ман сирру пиёзи Мансурхоҷаро як ба як гуфта дод. Маълум шуд, ки вай то имрӯз шаш нафар зани расмӣ гирифта, занҳои бо ҳар роҳ ба дом афтодааш ба ин ҳисоб дохил намешаванд. Аз ҳамаи ин занҳо фарзанд доштааст. Як духтарча ва як писарча ки мо чанде пеш аз ин дидем, аз зани панҷумини ӯ — Мушаррафахон будаанд. Мансурхоҷа ӯро бе ҳеҷ гуноҳ аз хона пеш карда, зани шашуминаш — Оминахонро бо ҳазор фиребу найранг ба хона овардааст. Ҷои ғалатии кор боз дар ин будааст, ки барои ҳеҷ кадом фарзандаш нафақа намедодааст, аз ҳоли онҳо хабар намегирифтааст ва агар дар ин хусус гап кушода шавад, худро ба нодонӣ мезадааст ва агар зӯр ояд, аз шаҳр гурехта ким-кадом мушхонаро иҷора мегирифтааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё