Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҲикояҶомеа
Аз аввал хондан

ЭШОНИ ҲУШТАК

Дар кӯчаи Аллофон дар болохонаи панҷарагулчин эшони Сайфӣ Махдум зиндагӣ мекард. Эшон одами миёнақади ғӯле буда, саллаи чунон калоне мебаст, ки ба болои он бемуҳобот як чанд ҷуфт лаклак хона монад, баҳузур меғунҷид. Риши ғафси дарозаш, ки нӯкаш мисли пашми гӯсфанди қароқӯлӣ чингила буд, як банд юнуҷкаи гулкардаро ба хотир меовард. Абрувони ғафси бароқи ӯ ба болои чашмонаш чун соябони дӯкони баққолӣ овезон буда, ин манзара башараи ӯро боз ҳам босалобат карда нишон медод.

Синни эшон ба таки ҳафтод расида бошад ҳам, худаш ҳаромзодагиро аз даст намедод. Вай дар зоҳир худро тақводор, покроман ва мусичаи бегуноҳ вонамуд кунад ҳам, дар амал ҳарому ҳаришро фарқ намекард. Эшон ба як зани «шаръиву» як зани «ғайри шаръии» худ нигоҳ накарда, ба занону духтарони мардум чашм ало мекард. Вай ба хонаи бисёр

пешина
аз 144
навбатӣ