Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

Майли шиносҳои дуру наздик дар ҳамин ҷо. Ҳар кас овораи кору бор ва аъмоли худ. Дар як тараф тарозуи калонеро овехта мондаанду лаклак одамон дар навбат истодаанд. Дар тарафи дигар аз болои дӯзах Пули Сирот кашида шудааст, ки вай ба назар аз мӯй борику аз шамшер тез менамояд. Баъзе одамон бо гӯсфанду буз, дигарон бо аспу шутури дар ин дунё хайркардаашон аз болои Пули Сирот гузашта истодаанд. Баъзеҳо гурсозанон ба ҷаҳаннам сарнагун меафтанд ва дар оташ месӯзанд ва як қисм одамони хуштолеъ йӯрғакунон аз болои пул гузашта мераванд. Дар назди тарозу ҳам як хел одамон савобу гуноҳашонро баркашонда, мувофиқи қоғази ба дасташон додашуда ба иҷрои дигар тадбирҳо мекуӯшанд.

Ман аз малоикае, ки маро ба ин ҷо оварда буд, пурсидам:
— Барои чӣ баъзеҳо азоб мекашанду дигарон роҳат мекунанд?
— Ҳар касе пулҷон дошта бошад, роҳат мекунаду надошта бошад, дучори азоб мегардад, — ҷавоб дод ӯ.
— Дар он дунё ҳам пул даркор будааст-дия?
— Эҳ, бе пул як қадам ҳам монда наметавонӣ.

Намедонӣ, ки ҳар ҷо пул ба кор аст, Ба боғи хулд низ аз пул гузор аст.

— Ман, ки пул надорам, чӣ кор кунам?
— Агар розӣ бошӣ, ман иҷozatнома навишта медиҳам, ба дунёи фонӣ рафта пулҳоятро гирифта биёр... Пулро ба Мункар-Накир, тарозубон, коменданти дӯзах ва дарбони ҷаннат тақсим карда медиҳем ва камакашро ба кисахарҷии худамон нигоҳ медорем.

пешина
аз 144
навбатӣ